Парлумон санади байни Тоҷикистону Русияро тасдиқ намуд

Февраль 12, 2014 11:55

Душанбе, 12.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 12 феврал вакилони палати поёнии Парлумони Тоҷикистон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ карданд.
      Сумангул Тағоева -вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ санади мазкурро тавзеҳ дода гуфт, ки: «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 октябри соли 2004 ба имзо расида буд, ки он аз 19 модда иборат аст.
Созишномаи мазкур 19 январи соли 2005, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур  29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расид.
Зикр шуд, ки дар асоси ин Протокол ба банди 2-и моддаи 4-и «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 октябри соли 2004 тағйирот ворид гардида, рухсатнома барои кор ба корманд, ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ на зиёда аз 3 сол дода мешавад.
        Санади мазкур гирифтани иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати 3 сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.
 

Февраль 12, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд