Парванда нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон қатъ гардид
Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Суди ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург парванда оид ба вайронкунии қонунгузории маъмуриро нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон Саъдонов Сӯҳроб Окимҷонович қатъ намуд.
Чанд рӯз пеш модари Сӯҳроб ба намояндагӣ оид ба боздошти писараш аз ҷониби кормандони мақомоти полис муроҷиат намуда буд. Ба қавли аризадиҳанда, Сӯҳроб ҳангоми санҷиши кормандони пулис бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва будубош надоштааст ва ин боиси он гардидааст, ки аз ҷониби кормандони полис нисбат ба ӯ парвандаи маъмурӣ оид ба тартиби ворид ба ҳудуди Федератсияи Русия ва баромадан аз худуди Федератсияи Русия ва оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардид.
Корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши қонунии шаҳрванд С. Саъдоновро ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти судӣ пешниҳод кард.
Суд бо назардошти маводи пешниҳодгардида парвандаро оид ба вайронкунии қонунгузории маъмурӣ нисбат ба Сӯҳроб Саъдонов қать намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






