Пеш аз сафар худро санҷед!
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба диққати тамоми шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки пеш аз сафар ба Русия ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, қабл аз харидани чиптаи ҳавопаймо худро бо низоми «Он-лайн» — и ФМС ва Хадамоти федеролии амнияти Русия дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон санҷанд, зеро қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Русия низ шахсони вурудашон манъшударо аз фурудгоҳҳои Русия бозпас мегардонанд. Ин рӯйхат дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии ҶТ мавҷуд буда, дар низоми «Он-лайн»-и ФМС танҳо рӯйхати депортшудагон вуҷуд дорад.
Хотиррасон мекунем, ки аз оғози соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Федератсияи Русия сафар намоянд.
Тавре ки сухангӯи хадамот Абдуллои Қодирӣ хабар дод, тибқи суханони бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон муносибати ҷавонони миллатгаро торафт авҷ гирифта, ҳисси бадбинии онҳо нисбат ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ бештар гардидааст.
Аз ин рӯ, хадамот аз тамоми шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатии кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ба кор рафтан ва баргаштан бо корфармоён ва шахсоне, ки муҳоҷиронро бо кор таъмин мекунанд эҳтиёт бошанд.
Дар сурати мушоҳида намудани поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон аз сӯи корфармоён ва миёнаравону қаллобон дар бозори меҳнати Федератсияи Русия ба телефони боварии (+992 37) 225-07-19 дар шаҳри Душанбе ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар ФР (+992 44) 640-19-51 занг зананд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






