Пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо
Данғара, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Холзода).-Кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Данғара фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шахрвандӣ» ба роҳ монда, дар самти сари вақт ба қайд гирифтани асноди ҳолати шаҳрвандӣ фаъолияти пурсамар доранд. Ба иттилои Маҳингул Кабирова, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Данғара кормандони бахши мазкур баъди ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шаҳрвандон барои сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатхои муайянкунандаи шахсият масъул гардидаанд. Вале афзудани ҷудошавии оилаҳо кормандони бахши САҲШ-ро ба ташвиш овардааст.
Дар айни замон бахши САҲШ-и ноҳияи Данғара ҳамкориро бо таваллудхонаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ноҳия хуб ба роҳ монда, корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ оид ба сари вақт гирифтани хуҷҷатҳо ва пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо идома медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






