Пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо

Февраль 25, 2014 15:15

Данғара, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Холзода).-Кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Данғара фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шахрвандӣ» ба роҳ монда, дар самти сари вақт ба қайд гирифтани асноди ҳолати шаҳрвандӣ фаъолияти пурсамар доранд. Ба иттилои  Маҳингул Кабирова,  мудири бахши  САҲШ-и ноҳияи Данғара кормандони бахши мазкур баъди ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шаҳрвандон барои сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатхои муайянкунандаи шахсият  масъул гардидаанд. Вале афзудани ҷудошавии оилаҳо кормандони бахши САҲШ-ро ба ташвиш овардааст.
Дар айни замон бахши САҲШ-и ноҳияи Данғара ҳамкориро бо таваллудхонаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва фаъолони ноҳия хуб ба роҳ монда, корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ оид ба сари вақт гирифтани хуҷҷатҳо ва пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо идома медиҳанд.
 

Февраль 25, 2014 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!