Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир
Душанбе, 17 . 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абдуманнон Исмоилов, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ дар дохили як бастаи селофанӣ ба миқдори 1 килою 458 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 6,5 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳамчунин зимни як амалиёти дигари фаврӣ сокини ноҳияи Расулов, Ҷаҳонгир Розиқов, соли таваллудаш 1988 бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 242 грамм маводи нашъадори ҳашиш мусодира гардид.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Бинобар иттилои ВКД, соли сипаригардида аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмӯъ, 6 тоннаву 686 кг маводи мухаддир мусодира гардид, ки аз ин шумора 3 тоннаву 16 кг маводи мухаддирро кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мусодира ва ошкор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






