Пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Моҳи январи соли 2014 Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии муҳоҷирати назоратнашаванда ва ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар, муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ ва истифодаи ин равандҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткории трансмиллӣ, террористӣ, экстремистӣ (ифротгаро) ва қочоқбарон, ки ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон халал мерасонанд, корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Дар ин муддат бо моддаи 499 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 адад, бо моддаи 138 қисми 3 — 2 адад, бо моддаи 497 — 4 адад, бо моддаи 499 қисми 3 — 3 адад, дар маҷмӯъ 25 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба вайронкунии ҳуқуқи маъмурӣ роҳ додаанд, нисбат ба 9 нафар ҷазои маъмурӣ бо ситонидани ҷарима ва берункунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба 16 нафар ҷазо дар шакли ҷарима татбиқ гардид.
Тавре ки аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, минбаъд низ корҳо дар самти пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ идома хоҳанд ёфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






