Пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар

Февраль 28, 2014 13:19

Душанбе, 28.02.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 26 -уми феврали соли ҷорӣ қарори навбатии раиси вилояти Суғд «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар» ба тасвиб расид.
Мақсади асосии қарори мазкур коҳиши паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии онҳо мебошад. Тибқи ин қарор Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор  мешавад, ки ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020»-ро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013 тасдиқ шудааст, таъмин намояд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Февраль 28, 2014 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад