Пешниҳоди раиси шаҳр ба Лора Так

Февраль 11, 2014 09:53

 
Душанбе, 11.02.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии пойтахт, ки 16 миллион $-аш гранти бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ ва 3 миллион $ аз ҷониби шаҳрдории Душанбе маблағгузорӣ мегардад, дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиё ва Аврупо Лора Так дар Душанбе баррасӣ гардид.
             Раиси шаҳр  таваҷҷуҳи Лора Такро ба масоили дарёфти манбаъҳои иловагӣ ҷиҳати насби ҳисобкунакҳои обӣ ба муштариёни  КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181 000-ро ташкил медиҳанд, инчунин таҷдиди низоми иншооти тасниф ва хатҳои корезӣ нигаронид. Мавсуф  пешниҳод намуд, ки баҳри таъмини шаффофияти ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур аз тобеияти КВД «Обу корези Душанбе» баровардани шуъбаи ҳамоҳангсозии Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе мувофиқ ба мақсад мебошад.
              Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон мусоҳибон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда, хусусан ҷалби сармоя дар бахши  ҳамкориҳои боэътимоди сохторҳои давлатию хусусӣ, рушди соҳаи нақлиёт,  беҳбуди муҳити зист ва соири масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро матраҳ сохтанд. 

Февраль 11, 2014 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд