Пешравиҳои назаррас дар Ҳамадонӣ

Февраль 5, 2014 10:46

Кӯлоб,05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов).- «Дар  ноҳияи Мир  Саид  Алии  Ҳамадонӣ  дар  соли  2013  дар  ҳамаи  соҳаҳо ва бахшҳои  истеҳсолӣ нисбат ба  соли  2012   пешравиҳо  ба назар расиданд. Дар ин давра   дар  ноҳия 20  корхонаи  истеҳсолӣ  фаъол гардид»,-иброз  дошт  зимни  нишасти  матбуотӣ раиси  ноҳия Қодир  Валиев. 
Ба  қавли  ӯ дар  ин  давра  истеҳсоли  пахта  ба  2383, 5  тонна,  нон 696 т, равғани  растанӣ 346 т,  орд  6600 т,  намак  591 тонна расида, истеҳсоли дигар  маҳсулоти  саноатӣ  бештар   шуд ва истеҳсолот  нисбат ба  соли  сипаригардида  афзоиш  ёфтааст. 
 
 
 

Февраль 5, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш