Прокуратура: 8 нафар аз кор озод карда шуд

Февраль 7, 2014 14:38

        Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, роҳбари ин мақомот Салимзода Шерхони Одина ба хабарнигорон гуфт, ки  соли сипаригардида аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ  ва сохторҳои низомӣ 264 парвандаи ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуда,  162 парванда ба судҳо ирсол гардидааст. 
        Аз маълумот бармеояд, ки имсол ҷиноят байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба соли қаблӣ афзудааст. 
      Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Прокурори генералӣ зикр намуд, ки соли гузашта аз ҷониби мақомот 1 ҳазору 247 санҷиши прокурорӣ ва 1 ҳазору 160 санади эътиноии прокурорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба солҳои қаблӣ кам шуда, сифат ва самаранокӣ, инчунин иҷрои воқеии корҳои прокурорӣ  беҳтар гардидааст.
     Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Салимзода Шерхони Одина гуфт, ки хушбахтона, дар соли ҳисоботӣ ягон нафар корманди сохтори Прокуратура ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. Вале, барои вайрон  кардани интизоми хизматӣ ва одоби касбӣ 8 нафар аз вазифа озод карда шуд. 
 
 

Февраль 7, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад