Прокуратура: 8 нафар аз кор озод карда шуд
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, роҳбари ин мақомот Салимзода Шерхони Одина ба хабарнигорон гуфт, ки соли сипаригардида аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ 264 парвандаи ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуда, 162 парванда ба судҳо ирсол гардидааст.
Аз маълумот бармеояд, ки имсол ҷиноят байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба соли қаблӣ афзудааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Прокурори генералӣ зикр намуд, ки соли гузашта аз ҷониби мақомот 1 ҳазору 247 санҷиши прокурорӣ ва 1 ҳазору 160 санади эътиноии прокурорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба солҳои қаблӣ кам шуда, сифат ва самаранокӣ, инчунин иҷрои воқеии корҳои прокурорӣ беҳтар гардидааст.
Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Салимзода Шерхони Одина гуфт, ки хушбахтона, дар соли ҳисоботӣ ягон нафар корманди сохтори Прокуратура ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. Вале, барои вайрон кардани интизоми хизматӣ ва одоби касбӣ 8 нафар аз вазифа озод карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






