Пуштибонии ИА аз риояи ҳуқуқҳои инсон дар ҶТ
Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи барномаи «Василаи Аврупо дар бахши демократия ва ҳуқуқҳои инсон» ба маблағгузории 5 лоиҳаи нав дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 миллиону 397 ҳазору 837 евро шурӯъ кард.
Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, мақсад аз барномаи мазкур мусоидат ба рушду таҳкими демократия, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон дар доираи сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар риштаи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявию техникӣ бо кишварҳои сеюм мебошад. Яке аз самтҳои барнома иборат аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қобилияти он барои ҳифзи самарабахши ҳуқуқҳои инсон аст.
Иттиҳоди Аврупо, ки 28 кишварро фаро мегирад, донори калонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007 – 2010 баробари 66 миллион евро ва дар давраи солҳои 2011 – 2013 баробари 62 миллион евро кӯмаки дуҷониба гирифт, ки мақсад аз он рушду тақвият бахшидани соҳаҳои ҳифзи иҷтимоию тандурустӣ ва бахши инфиродӣ мебошад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






