Рӯйхати амалиёт барои бонкдории мобилӣ
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба наздикӣ дар бонки мазкур бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ оид ба андешидани тадбирҳо барои рушди низоми пардохт ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи татбиқи роҳу воситаҳои бонкдории мобилӣ баррасӣ шуд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи якум рӯйхати амалиёте, ки аз ҷониби муштариён аз тариқи воситаҳои алоқаи мобилӣ ва аз ҷониби воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ амалӣ шудаанд, муқаррар гардиданд.
Дар марҳилаи дуюм таҳияи корти технологӣ вобаста ба амалиёт барои бонкдории мобилӣ омода ва озмоиши интиқоли аввалин аз ҷониби иштирокдорони барномаи пилотӣ гузаронида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






