Раддияи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Февраль 7, 2014 14:34

 
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Екатерина  Пасторова).- Дар  бисёр  мағозаҳои  калони  пойтахт  фурӯши   шоколадҳои  «Марс», «Сникерс» ва  шоколадҳои  дигар  қатъ  гардидааст. Мувофиқи  суханони  роҳбарони   нуқтаҳои  савдо,  дар  ҷумҳурӣ бинобар  оғози  сохтмони  корхонаи  тавлиди  шоколадҳои сохти кишвар  аз  хориҷа  овардани  ин  маҳсулот   манъ  шудааст. Вале  дар  Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ  ин  хабарро  рад  карданд. 
 
Муовини  аввали  вазир  Неъмат  Бӯриев дар   ҷараёни   нишасти  матбуотӣ зикр  намуд, ки  бо  назардошти  меъёрҳои Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  ҷумҳурӣ  ҳаққи  манъи  фурӯши  шоколадҳоро  надорад ва  аз   сохторҳои  давлатӣ   чунин  дастур  нарасидааст.  Муовини  вазир   дар  мавриди   истеҳсоли  чунин  намуди  шоколадҳо дар  ҷумҳурӣ   гуфт, ки  дар  ин  бора  маълумоте   ба даст  надорад. 

Февраль 7, 2014 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш