Раисони шаҳру навоҳии Суғд номҳои хешро миллӣ карданд
Хуҷанд, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»). – Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ном ва номи хонаводагии роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд аз Ғиёсов Рустам Раҳматуллоевич ба Рустам Раҳматулло иваз карда шуд.
Ҳамчунин раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ғончӣ ному насаби худро ба таври миллӣ тағйир доданд. Аз ҷумла, ном ва номи хонаводагии Раҷаббой Каримов ба Аҳмадзода Раҷаббой, Даврон Зоҳидов ба Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, Нӯъмон Обидов ба Обидзода Нӯъмон Йӯлдош, Иброҳим Абдуллоев ба Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ, Хисрав Абдуназаров ба Хисрав Абдуназар ва Зуфар Исмоилов ба Исмоилзода Зуфар Муртазохон иваз шудааст.
Мавриди ёдоварист, ки моҳи январи соли ҷорӣ 590 нафар ва соли гузашта беш аз 4 ҳазор сокини вилояти Суғд барои ивази ному насаби худ ба мақомоти дахлдори шаҳру навоҳии вилоят муроҷиат кардаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






