Рейди муштарак ва ошкорсозии ҳолатҳои қонуншиканӣ
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Чанде пеш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг ва КВД «Тоҷиккино» рейди муштарак гузаронида шуд.
Ба иттилои сухангӯи кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Афшини Муқим ҳангоми азназаргузаронии нуқтаи фитафурӯшии мутааллиқ ба студияи “Нур”, воқеъ дар бозори “Корвон”-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷамъан 1342 фиттаи дорои муҳтавои динӣ бо забонҳои арабӣ, русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пайдо шуд, ки он бидуни гузаронидан аз ташхиси давлатии диншиносӣ ба фурӯш бароварда шудааст.
Ба иловаи манбаъ 1342 фитта аз ҷониби студияи “Нур” бар хилофи талаботи бандҳои 3 ва 4-и моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст. Оид ба ин ҳолат санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1342 адад фитта аз фурӯш гирифта шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






