Ричард Ҳоугленд: “Амрико нисбат ба “САSА- 1000” некбин аст”
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоугленд, ки имрӯз баргузор гардид, як силсила мавзуоти марбут ба равобити миёни Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ричард Ҳоугленд пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар ин дидор ҷонибҳо дар баробари муҳокимаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, инчунин як зумра масоили минтақавиро низ баррасӣ карданд. Номбурда афзуд: ”Мо масоили амнияти минтақавиро муҳокима намуда, доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон табодули назар кардем”. “Амрико ба татбиқи лоиҳаи “САSА-1000” назари нек дорад ва умедворем, ки ин лоиҳа ба манфиати кишварҳои минтақа амалӣ хоҳад шуд”,-иброз намуд Ричард Ҳоугленд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






