Саҳми назарраси Ҷопон дар соҳаи кишоварзӣ
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Қосим Роҳбар, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ намояндаи агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байнлхалқӣ «JICA» Казуя Суэта-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот вазири кишоварзӣ аз саҳми намояндагони «JICA» барои даҳсолаи охир дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки новобаста аз заминларзаи соли 2011 ва садамаи Фукусимаи Ҷопон Ҳукумати Ҷопон татбиқи лоиҳаи кӯмаки соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро давом дод.
Сипас Казуя Суэта зикр намуд, ки дар айни замон Ҳукумати Ҷопон масоили дастгирии рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро дар солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор додааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, Қосим Роҳбар дар ҷараёни вохӯрӣ зикр намуд, ки дар охири соли 2012 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2012-2020» қабул шуд, ки ҳадаф баланд бардоштани сатҳи иқтисодии аҳолии деҳоти кишвар, расидан ба ҳадафҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва мусоидат дар мустаҳкам намудани нақши бахшҳои хусусӣ дар рушди соҳа буда, ин ҳама аз қабули барномаҳои стратегӣ, аз қабили «Барномаи рушди ҳазорсола», «Барномаи стратегияи рушди миллӣ», «Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва «Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон» бармеоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






