Саҳми ВКД дар фазои экологии кишвар
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо мақсади зебою сарсабз гардонидани муҳити зист ва мусоидат ба фазои экологии кишвар ҳамасола дар остонаи фасли баҳор кормандони касбу кори гуногун ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ машғул мешаванд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чунин иқдом дар байни ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба роҳ монда шуда, бо ташаббуси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар заминҳои ҳудуди қисми низомии 3502 ва талу пуштаҳои атрофи он бо ҳамроҳии роҳбарони раёсату шуъбаҳои ВКД ва масъулини қисми низомии 3502 зиёда аз 4 ҳазор ниҳоли ҳамешасабзи ороишии арчаю сўзанбарг шинонида шуд.
Тибқи иттилоъ чунин маъракаҳо аз ҷониби кормандони милитсия идома дода мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






