Сабқати вилоятии теннисбозон дар Хоруғ
Хоруғ, 3.02.2014. («АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар давоми ду рӯз дар толори мактаби рақами 7-уми шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятии дастаҳои тенниси рӯимизии ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ баргузор гардид.
Ба гуфтаи роҳандозони сабқати вилоят баъди сукути 20-сола бори нахуст аст, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи тениси рӯимизии вилоят ба онҳо муяссар гашт , ки чунин мусобиқаи бошукӯҳро ташкил намоянд. Дар сабқат намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ ва варзишгарон аз хизматҳои яке аз нахустин мураббиёни ин намуд, Аълочии маориф, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ Мамадҷон Давлатҷонов ёдоварӣ намуданд.
Барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон» ба теннисбозони наврас ду адад миз ва дигар таҷҳизоти варзиширо бо маблағи умумии 6 ҳазор сомонӣ супурд.
Мусобиқа ду рӯз давом карда, ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






