Сафари ҳайати ҳукуматӣ ба Бишкек

Февраль 14, 2014 08:12

Душанбе, 14. 02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон бо даъвати ҷониби Қирғизистон ба шаҳри Бишкек сафар кард. 
Мутобиқи созишномаҳои қаблан ба даст омада, имрӯз ҷаласаи корӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳоеро, ки дар вохӯриҳои қаблии рӯзҳои 30-31 январи соли 2014 ба даст омада буданд, баррасӣ мекунанд. 
Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ба рӯзномаи корӣ ҳамчунин масъалаи барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки  аз 11 январи соли 2014 якҷониба қатъ гардид, дохил  шудааст. 
 
 

Февраль 14, 2014 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш