Сафари ҳайати парлумонӣ ба Эрон

Февраль 15, 2014 11:19

 
        Душанбе, 15.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Субҳи фардо, 16 феврал ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо даъвати  Алии Лориҷонӣ -раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  ба Эрон сафар мекунад. 
       Шукурҷон Зуҳуров  зимни сафари худ ба Эрон дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки санаи 18-19-уми феврал дар Теҳрон баргузор мегардад, иштирок менамояд. 
         Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни сафараш ба  Эрон бо Алии Лориҷонӣ- раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси парлумони Осиё ва дигар роҳбарони мақомоти баландпояи Эрон мулоқот намояд. 
 

Февраль 15, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад