Сафари ҳайати парлумонӣ ба Эрон
Душанбе, 15.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Субҳи фардо, 16 феврал ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо даъвати Алии Лориҷонӣ -раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Эрон сафар мекунад.
Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари худ ба Эрон дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки санаи 18-19-уми феврал дар Теҳрон баргузор мегардад, иштирок менамояд.
Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни сафараш ба Эрон бо Алии Лориҷонӣ- раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси парлумони Осиё ва дигар роҳбарони мақомоти баландпояи Эрон мулоқот намояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






