Салимзода Ш.О.: “Зимни чопи мақолаҳо масъул бошед!”
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Зимни нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 7 феврали соли ҷорӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхонӣ Одина ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас дода, аз ҷумла дар иртибот ба саволи намояндаи рӯзномаи “Нигоҳ” гуфт, ки :”Ду-се ҳафта пеш дар ин рӯзнома таҳти унвони “Ҳомиёни қалбакии қонун” мақолаи дастаҷамъонаи 19 нафар маҳкумшуда, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо мекунанд, ба табъ расид. Дар мақолаи мазкур гуфта мешавад, ки мақомоти прокуратура барои ба ҷазои сабуктар иваз кардан ва ё ба муассисаи ислоҳи сукунат гузаронидани ин маҳбусон монеъ шуда истодааст. Ба иттилои шумо – рӯзноманигорон мерасонам, ки ҳамаи ин маҳбусон барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадори навъҳои героин ва афюн ба миқдори махсусан калон, асосан ба миқдори аз 2 то 275 кг ба муҳлатҳои камаш 7 сол ва бешаш то 22 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Аз ҳамин гуна муҳлатҳои таъйиншуда онҳо танҳо аз 3 то 7 солу 6 моҳашро адо кардаанду халос. Оё барои чунин маҳбусонро ба муассисаи ислоҳи сукунат гузаронидан ва ё ҷазояшонро сабук кардан кӣ ва аз ҷумла кадоме аз шумоён – журналистон масъулиятро бар дӯш мегирад? “
Ин суоли Прокурори генералӣ бепосух монд.
Салимзода Ш.О. таъкид намуд, ки зимни ба чоп расонидани чунин мақолаҳо бодиққат ва масъул бошем.
Маркази ахбори Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






