Сарҳадбонон курси омӯзишии кинологиро хатм намуданд

Февраль 14, 2014 16:19

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар, Лутфия Эшонзода).-  Дар аввали соли ҷорӣ дар Маркази байниидоравии кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ курсҳои 40 рӯзаи таълимӣ барои мутахассисони кинологи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба кор бо сагҳои хизматӣ-ҷустуҷӯӣ дар кашфи маводи нашъаовар гузаронида шуданд.
Тавре ки аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, дар ҷараёни таълим аз тарафи мутахассисони Маркази байниидоравии кинологӣ сарҳадбонон курси назарӣ ва амалии омодагии байторӣ, силсилаи лексияҳои махсус оид ба тактикаи истифодаи сагҳои хизматӣ-ҷустуҷӯиро гузаштанд. Ба ғайр аз ин сарҳадбонон ҳамарӯза ба ром намудани сагҳо машғул буданд, чунки кор бо сагҳо қисми ҷудонашавандаи хизмати сарҳадӣ мебошад.
Баъди ба итмом расидани курсҳо, 14 феврал комиссия аз сарҳадбонон оид ба дониши гирифташуда имтиҳон қабул намуд. 
 
 

Февраль 14, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад