Сарҳадбонон курси омӯзишии кинологиро хатм намуданд
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар, Лутфия Эшонзода).- Дар аввали соли ҷорӣ дар Маркази байниидоравии кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ курсҳои 40 рӯзаи таълимӣ барои мутахассисони кинологи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба кор бо сагҳои хизматӣ-ҷустуҷӯӣ дар кашфи маводи нашъаовар гузаронида шуданд.
Тавре ки аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, дар ҷараёни таълим аз тарафи мутахассисони Маркази байниидоравии кинологӣ сарҳадбонон курси назарӣ ва амалии омодагии байторӣ, силсилаи лексияҳои махсус оид ба тактикаи истифодаи сагҳои хизматӣ-ҷустуҷӯиро гузаштанд. Ба ғайр аз ин сарҳадбонон ҳамарӯза ба ром намудани сагҳо машғул буданд, чунки кор бо сагҳо қисми ҷудонашавандаи хизмати сарҳадӣ мебошад.
Баъди ба итмом расидани курсҳо, 14 феврал комиссия аз сарҳадбонон оид ба дониши гирифташуда имтиҳон қабул намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






