Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз кадом манобеъ сурат мегирад?
Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳолати 1 январи соли 2014 аз 50 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии он 9,96 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 3,99 млрд. сомонӣ грант аст. Дар ин бора 5 январ зимни нишасти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ дода шуд.
Раиси ин кумита Қодири Қосим зикр намуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ асосан аз 20 манбаъ маблағгузорӣ мешавад. Аз ҷумла, Бонки рушди Осиё – $560,77 млн., ЭксИмБонки Чин – $559,61 млн., Бонки умумиҷаҳонӣ- $208,38 млн., Бонки исломии рушд — $120,95 млн., дигар созмонҳои байналмилалӣ — $504,46 млн. ва саҳми Ҳукумати Тоҷикистон — $133,3 млн. мебошад.
Мавриди зикр аст, ки маҷмӯи лоиҳаҳо 10 соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар гирифта, дар давоми соли сипаригашта 1 миллиарду 207 миллион сомонии он аз худ карда шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






