Семинар оид ба имтиҳонсупории тестӣ
Данғара, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон ва дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ Маркази миллии тестӣ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ) семинари омӯзишӣ бо иштироки мудирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир намуд. Дар айни замон дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Данғара чунин семинарҳо идома доранд ва ба хатмкунандагон роҳнамои довталаб дастрас шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки семинарҳо бо хонандагон ва омӯзгорону волидайн дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома дорад ва довталабон имкон доранд дар наздиктарини нуктаи имтиҳонсупорӣ номнавис шуда, баъди муваффақона супоридани имтиҳон сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






