Ш. Салимзода дар Парлумон гузориш медиҳад
Душанбе, 25.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 27 феврали соли равон дар Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар иҷлосия аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро матраҳ хоҳанд кард.
Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи коғазҳои қиматнок», инчунин ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мешаванд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода доир ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави кишвар дар соли 2013 гузориш хоҳад дод








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






