Шартномаи Хуршед Маҳмудов бо «Истиқлол»

Февраль 11, 2014 11:44

Душанбе, 11.02.2014 (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон то охири мавсими футболи соли ҷорӣ шартнома бастааст. Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии «Истиқлол» хабар додааст, Хуршед Маҳмудов тибқи шартномаи мазкур таҳти рақами 20 бозӣ карда, аллакай чанд рӯз аст, ки бо ҳайати даста дар шаҳри Қайроққум тамрин дорад.Хуршед Маҳмудов дар ҳайати тимҳое, ба монанди “Варзоб” (Душанбе) — 2001 ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) — 2002-2013 бозӣ кардааст. 

Февраль 11, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш