Шоҳбулутҳои белҷӣ дар боғи Рӯдакӣ

Февраль 18, 2014 09:38

     Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи нишебии хиёбони Исмоили Сомонӣ 232 бех дарахтони санавбар, ки аз ҷониби олимони набототшиноси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ба муҳити табиии пойтахт созгоранд, шинонида шуданд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини сарсабзии боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт дар боғи Рўдакӣ 1 ҳазору 206 бех дарахти тут ва шоҳбулут, ки аз давлати Шоҳигарии Белгия оварда шудааст,  шинонида шуд. 
     Бино ба маълумоти Саидаҳмади Акрампур, сардори бахши иттилооти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, дар доираи кабудизоркунии мавсими имсола, дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои  ноҳияҳои шаҳри Душанбе  шинонидани 38 ҳазору 270 бех ниҳоли ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан ба нақша гирифта шудааст.
     Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар доираи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон гардидани «30 моҳи ободонӣ» идома меёбанд.
 
 

Февраль 18, 2014 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад