«Сифат аз нигоҳи кӯдакон»-озмун

Февраль 5, 2014 14:08

 
     Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тавсеаи ҳамкорӣ бо истеъмолкунандагон мебошад, ки дар ин самт  ҳамасола корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.
   Агентии «Тоҷикстандарт» имсол ҷиҳати татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» бо мақсади тарбияи кӯдакон ва дар руҳияи амиқ дарк кардани мафҳуми сифат ва нақши он дар ҷомеа, инкишоф додани тафаккури кӯдакон оид ба сифат, тарбия ва тайёр намудани истеъмолкунандаи худогоҳ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф бори аввал дар байни хонандагон озмуни минтақавии «Сифат аз нигоҳи кӯдакон»-ро ба таври расмкашӣ гузаронид. Дар озмун кӯдакони синни томактабӣ, синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ, яъне аз 5 то 17 сола бори аввал иштирок карданд. Озмун аз рӯи мавзӯъҳои «Ман маҳсулоти босифатро интихоб мекунам», «Ман намаки йоднокро интихоб мекунам», «Овеза (плакат)-и беҳтарин дар мавзӯи истеъмолӣ», «Экология аз нигоҳи кӯдакон» баргузор шуд. Дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Мурод Ашӯров, сардори Маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» гуфт, ки натиҷаҳои озмун бо баргузор намудани намоишгоҳ ва чорабинии тантанавӣ дар вилоятҳо ҷамъбаст шуданд. Ғолибони озмун имрӯз  дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуда, аз 403 расме, ки кӯдакон пешкаш намуданд, 31- тоаш ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуда, бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.

 

Февраль 5, 2014 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!