Симпозиум дар мавриди рушди минтақаҳои Тоҷикистон

Февраль 28, 2014 13:11

Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Мувофиқи  маълумоти   оморӣ  то  1  январи  соли  2014   дар  соҳаи  кишоварзии   Тоҷикистон  89,7  ҳазор  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  таъсис  ёфтааст,   ки  ин  ба  фароҳам овардани  шароити  мусоид   барои  рушди  соҳибкорон  кӯмак  намуда,  даромади   хоҷагиҳои  фермерӣ  ва   шумораи  ҷойҳои  корӣ  дар  ин   бахшро   афзун  намуд. Муовини  Вазири  кишоварзии  ҶТ  С.Исроилов   зимни   суханрониаш  дар Симпозиуми  дурӯзаи  «Рушди минтақаҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон: вазъу  дурнамо»,  ки  27  феврал  дар  Маркази  тадқиқотии  стратегии  назди  Ҳукумати  Тоҷикистон   оғоз  ёфт, дар  ин  бора  хабар дод. 
 
С.Исроилов қайд  намуд, ки  соли  2013  ҳаҷми  умумии  маҳсулоти  кишоварзӣ  ба 16  миллиарду  757  миллион  сомонӣ  расид, ки   назар  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта баробари 7,6  фоиз  зиёд  аст. Соли  2013  истеҳсоли  ғалла  баробари  160  ҳазор  тонна,  картошка 125  ҳазор  тонна,  сабзавот  148  ҳазор  тонна,  зироатҳои  полезӣ 30  ҳазор  тонна,  мева 15  ҳазор  тонна  ва  ангур баробари  8  ҳазор тонна  афзуд. 
 
«Соли  2013  дар  кишвар  афзоиши  маҳсулоти чорводорӣ аз  қабили  гӯшт 11  ҳазор тонна,  шир 50  ҳазор  тонна,  пашм 189 тонна, асал 227  тонна, моҳӣ  610  тонна  ва  тухм  52  миллион  донаро  ташкил  дод». —  гуфт  муовини  вазир.
 
С.Исроилов  ҳамчунин қайд  намуд, ки саршумори  чорвои  калон баробари  49  ҳазору  850  сар,  чорвои  хурд 174  ҳазору  340  сар,  асп  547  сар, парранда 140  ҳазору  27  сар ва оилаҳои занбури  асал баробари  5  ҳазору  329 адад афзудааст. 
 
Хотирнишон  месозем, ки   дар  симпозиум   масоили  рушд,  мушкилот  ва  сармоягузории  минтақаҳои  Тоҷикистон  баррасӣ  мешаванд. 
 
Дар  кори  симпозиум  роҳбарият ва мутахассисони Маркази  тадқиқоти  стратегии ҶТ, роҳбарону  намояндагони   сохторҳои  давлатӣ  ва  идораҳои  ҳамаи  минтақаҳои  кишвар  ширкати  доранд. Симпозиум  имрӯз,  28  феврал,  корашро  анҷом  медиҳад.
 
 
 

Февраль 28, 2014 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!