Соҳибкорони Қатар — ҷонибдори лоиҳаҳои Тоҷикистон

Февраль 14, 2014 15:18

 
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).-   13  феврал  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ   Шариф  Саид Сафири  Қатар  дар  Тоҷикистон  Алӣ  бани  Муборак  Саид  ал — Муҳаннаддиро ба  ҳузур  пазируфт.  Дар  ин  бора  аз  маркази   матбуоти  ПСС  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
 
Дар  ҷараёни  мулоқот   перомуни   вазъи  имрӯза ва дурнамои  рушду  таҳкими   муносибатҳои  Тоҷикистону  Қатар  мубодилаи  афкор  баргузор  шуд.
 
Шариф  Саид  ба  сафир   дар  бораи   имкониятҳои   ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ  ва  инвеститсионӣ  бо  Тоҷикистон   нақл  карда,   пешниҳод  намуд, ки  дар  шаҳри  Душанбе  намоишгоҳи   маҳсулоти  корхонаҳои  Қатар  ташкил  карда шавад.
 
Алӣ  бани  Муборак  Саид  ал — Муҳаннадди  дар навбати  худ  зикр  намуд, ки  тоҷирону   соҳибкорони  Қатар  ба  лоиҳаҳои  сармоягузории  Тоҷикистон  шавқу  ҳаваси  бештаре  зоҳир  менамоянд.

Февраль 14, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад