Соҳибкорони Қатар — ҷонибдори лоиҳаҳои Тоҷикистон
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 13 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид Сафири Қатар дар Тоҷикистон Алӣ бани Муборак Саид ал — Муҳаннаддиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот перомуни вазъи имрӯза ва дурнамои рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Қатар мубодилаи афкор баргузор шуд.
Шариф Саид ба сафир дар бораи имкониятҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва инвеститсионӣ бо Тоҷикистон нақл карда, пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Қатар ташкил карда шавад.
Алӣ бани Муборак Саид ал — Муҳаннадди дар навбати худ зикр намуд, ки тоҷирону соҳибкорони Қатар ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон шавқу ҳаваси бештаре зоҳир менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






