Соҳибкорони тоҷик варзишгаронро дастгирӣ менамоянд

Февраль 28, 2014 13:12

Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Соҳибкорони тоҷики  кишвари Краснодар  омодаанд, ки  ба  варзишгарони  ҷумҳурӣ  барои   иштироки  фаъолонаашон  дар  мусобиқаҳои байналмилалӣ  ёрии  моддӣ   расонанд.  Дар  ҷараёни  вохӯрии ҳамдиёрони   кишварамон  бо  роҳбарият  ва  аъзои  Кумитаи  Олимпии  ҶТ  дар  ин  бора  сухан ронда шуд. 
 
«Мо  медонем, ки  солҳои охир  Ҳукумати  кишвар  ба   рушди  варзиш  таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  менамояд. Бо  ибтикори  Сарвари  давлат  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҷумҳурӣ  садҳо  иншоотҳои  варзишӣ  бунёд  шудаанд»,  —  гуфт  роҳбари  созмони  ҷамъиятии «Мусоидат»  воқеъ  дар  кишвари  Краснодар  Н.Нағзибеков. 
 
Тавре  ки  аз  хадамоти  матбуоти Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷират  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, мулоқотро Намояндагии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  якҷоя бо  созмони  ҷамъиятии «Мусоидат»  доир намуд. 
 
Дабири  кулли  Кумитаи  Олимпии  ҶТ Б.Раҷабалиев  дар навбати  худ  аз  дастовардҳои  варзишгарони тоҷик  ва  дурнамои  рушди  варзиш дар  Тоҷикистон  нақл  кард.
 
Президенти  Федератсияи  дзюдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Нурулло  Лоиқов   зимни  суханрониаш  қайд  намуд, ки   гӯштингирони тоҷик дар  Олимпиадаи  тобистона  соҳиби  медалҳои   нуқра   ва  биринҷӣ   гардида,  дар оянда ба  натиҷаҳои  аз  ин  ҳам  беҳтар ноил хоҳанд  шуд. 

Февраль 28, 2014 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад