Соҳибкорони тоҷик варзишгаронро дастгирӣ менамоянд
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Соҳибкорони тоҷики кишвари Краснодар омодаанд, ки ба варзишгарони ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолонаашон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ёрии моддӣ расонанд. Дар ҷараёни вохӯрии ҳамдиёрони кишварамон бо роҳбарият ва аъзои Кумитаи Олимпии ҶТ дар ин бора сухан ронда шуд.
«Мо медонем, ки солҳои охир Ҳукумати кишвар ба рушди варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ садҳо иншоотҳои варзишӣ бунёд шудаанд», — гуфт роҳбари созмони ҷамъиятии «Мусоидат» воқеъ дар кишвари Краснодар Н.Нағзибеков.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мулоқотро Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР якҷоя бо созмони ҷамъиятии «Мусоидат» доир намуд.
Дабири кулли Кумитаи Олимпии ҶТ Б.Раҷабалиев дар навбати худ аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва дурнамои рушди варзиш дар Тоҷикистон нақл кард.
Президенти Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Лоиқов зимни суханрониаш қайд намуд, ки гӯштингирони тоҷик дар Олимпиадаи тобистона соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардида, дар оянда ба натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтар ноил хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






