Сохтмони 15 иншоот дар ноҳияи Шуғнон
Хоруғ, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баён дошт, ки яке аз омилҳои рушди иқтисод- ин равнақу ривоҷ додани риштаи соҳибкорӣ мебошад. Алъон теъдоди соҳибкорон дар ноҳия ба 299 нафар расидааст, ки 83 нафари онҳо бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Мақомоти давлатӣ ҳамеша кӯшиш мекунанд барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварад. Раиси ноҳия гуфт, ки аз бонкҳои мустақар дар ноҳия низ даъват намудем, ки дар ин самт моро дастгирӣ намоянд. Соли гузашта бонкҳо ба ин табақаи ҷомеа наздики 6 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуданд. Аммо бештари соҳибкорон ба хариду фурӯш машғул буда, дар ташкили корхонаҳои тавлидотӣ саҳми ночиз доранд. Лоиҳа ва бизнес -нақшаҳои воқеиро ба бонкҳо кам ироа медоранд. Барои таъсиси корхонаҳои хурд аз ҳама муҳим мавҷуд будани неруи барқ мебошад, ки дар вилояти мо камбуди барқ эҳсос намешавад.
Фаъолияти муназзами корхонаи коркарди санг мавсум ба «Лаъл» ва фабрикаи дӯзандагии «Ҳаёт» аз ин шаҳодат медиҳад. Ба гуфтаи раиси ноҳия соли равон дар деҳаи Богев аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ корхонаи ордбарорӣ ва анбори нигаҳдорӣ барои ғаллаву орд бунёд хоҳад шуд. Ҳамчунин сохтмони биноҳои нави маъмурӣ барои кормандони нозироти андоз, шуъбаи меҳнат, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», бахши омор ва амсоли инҳо идома дорад. Ба ҷуз ин дар маркази маъмурии ноҳия- шаҳраки Ваҳдат сохтмони 12 иншооти маъмурию маишӣ ва фарҳангию маориф бо ҷалби бештар аз 30 миллион сомонӣ давом дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






