Сокини пойтахт бо 5 кг бангдона дастгир шуд
Душанбе, 17 . 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ сокини пойтахтро боздошт намуданд, ки аз ӯ ҳаҷми калони маводи нашъаовар мусодира гардид.
Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар дод, ки ба кормандони агентӣ маълум гардид, ки сокини 28-солаи пойтахт Д.Ф. ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст задааст. Зимни азназаргузаронии манзили зисти ӯ бо истифодаи саги хизматӣ-кофтуковӣ, бо риояи ҳамаи меъёрҳои тартиботи мурофиаи судӣ кормандони агентӣ аз махфигоҳ се бастаи полиэтиленӣ ва як халта дарёфт гардид, ки дар дохили онҳо маводи растании сабзранг мавҷуд буд. Тавре ки ташхиси экспертӣ нишон дод, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи бангдона буда, вазни умумиаш 5 кг-ро ташкил менамояд.
Зимни тафтиши пешакӣ маълум гардид, ки дастгиршуда дар давоми умри 28-солааш аллакай доғи судӣ дорад. Пештар ӯ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба ҷазои ҷиноятӣ ҷалб шуда буд.
Аз тарафи шуъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ 3 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, оғоз гардид.
Боздоштшуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ ворид карда шуд








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






