Сорбон иттилооти компютериро рахна кард
Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини шаҳри Душанбе Сорбон Имомназаров, соли таваллудаш 1984, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооти компютерӣ дастгир шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, номбурда аввалҳои моҳи апрели соли 2013 дар назди бинои «Фарҳанг»-и шаҳри Душанбе бо шаҳрванди Федератсияи Русия Александр Прокопенко, соли таваллудаш 1987 вохӯрда, ҳар ду бо маслиҳати пешакӣ, ғайриқонунӣ ба иттилооти компютерӣ ворид гардидаанд. Онҳо таҷҳизоти техникӣ- ду адад «Шлюз-GSM» бо истифода аз интернети босуръати оптика дар интернетҳои шаҳри Душанбе, шаш адад «Шлюз-GSM», се адад «WIMAX», панҷ адад «Симбонк» — симкортҳои ширкати мобилии «Вавилон М»-ро таҷҳизонида, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизатшаванда даромада, бо терминатсияи ғайриқонунии зангҳои воридотии байналмилалӣ машғул гардида, дар натиҷа ба ширкати мазкур ва буҷаи давлат зарари моддӣ расонидаанд.
Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, нисбат ба ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






