Созу навои тоҷикӣ дар Васант Виҳар

Февраль 24, 2014 15:12

Душанбе, 24.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи баргузории фестивали байналмилалии фарҳангии «Сураҷкунд Мела-2014», ки дар Ҳиндустон доир шуд, ҳунармандони тоҷик дар маркази фарҳангии Васант Виҳари Деҳлӣ барномаи ҷолиби мусиқиро пешкаши тамошобинон гардониданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ беш аз ҳазор нафар меҳмонон, хусусан роҳбарони вазорату идораҳои Ҳиндустон, намояндагони корпуси дипломатии муқими ин кишвар ва соҳибкорони кишвари иқомат, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои зич доранд, ширкат намуданд. Ба тамошобинон бештар ҳунарнамоии овозхони шинохтаи тоҷик Зикриоллоҳи Ҳаким ва раққосони ансамбли «Лола» писанд омада, онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом хуш истиқбол намуданд.  Дар ҷараёни сафар ҳунармандони тоҷик аз шаҳрҳои қадимаи Ҳиндустон боздид намуда, ёдгориҳои таърихии ин кишвари афсонавиро тамошо карданд.14.49.

Февраль 24, 2014 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст