Суғд: баргузории ярмаркаи ниҳолҳо

Февраль 26, 2014 11:05

Хуҷанд, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳади Дадобой).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ярмарка — фурӯши ниҳол ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор мегардад. 
Тавре ба мо аз идораи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд  иттилоъ доданд, мутобиқ ба Амри раиси вилояти Суғд ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  бахшида ба фарорасии фасли баҳор ва оғози мавсими кишт ва такон бахшидан ба маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  1 март дар боғи фарҳангу  фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка — фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ доир мегардад. 
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагидорону кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғуланд, иштирок хоҳанд кард. 
Дар маҷмӯъ, дар назар аст зиёда аз 1 млн. ниҳоли ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухми зироатҳо пешниҳоди харидорон гардонида шуда, инчунин нуқтаҳои маслиҳатии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироатҳо ташкил хоҳанд шуд .
 
 
 
 

Февраль 26, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад