Суғд: баргузории ярмаркаи ниҳолҳо
Хуҷанд, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳади Дадобой).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ярмарка — фурӯши ниҳол ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор мегардад.
Тавре ба мо аз идораи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, мутобиқ ба Амри раиси вилояти Суғд ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба фарорасии фасли баҳор ва оғози мавсими кишт ва такон бахшидан ба маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 март дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка — фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ доир мегардад.
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагидорону кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғуланд, иштирок хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ, дар назар аст зиёда аз 1 млн. ниҳоли ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухми зироатҳо пешниҳоди харидорон гардонида шуда, инчунин нуқтаҳои маслиҳатии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироатҳо ташкил хоҳанд шуд .








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






