Тӯҳфаи Президент ба Қӯшунҳои зудамал

Февраль 21, 2014 10:27

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба муносибати 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл дар Баталиони посбоникунандаи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа чорабинии идона доир гардид. 
Аз Вазорати мудофиаи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин чорабинӣ тӯҳфаҳои идонаро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон масъулини Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ дар якҷоягӣ бо масъулини Қӯшунҳои зудамал ба қисму воҳидҳои ҳарбии ин навъи қӯшун, аз ҷумла қисмҳои ҳарбии 17651, 12019, 06870, ки дар гарнизони Душанбе ҷойгиранд, супориданд. Тӯҳфаҳои идона аз маблағҳои пулӣ, телевизору антенаҳои замонавӣ ва дигар лавозимоти зарурии техникӣ иборат буд.

Февраль 21, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад