Тақдими мошини мусофирбар ба варзишгарон
Хоруғ, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо варзишгарони шаҳру навоҳии вилоят, ки дар сабқатҳои ватанию ҷаҳонӣ соҳиби ҷоиза гардиданд, суҳбати ошкорову самимӣ баргузор кард.
Раиси вилоят аз боби дастовардҳои варзишгарон дар соли гузашта ёдоварӣ намуда, гуфт, ки дар ин сол варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ бо 193 медал, ки 50- тояшон тилло мебошад, баргаштанд. Зикр шуд, ки бештари дастовардҳои варзишӣ дар кишвар дар замони истиқлолият ба даст омадаанд. Алъон дар ҳудуди вилоят 413 иншооти гуногуни варзишӣ фаъол аст. Раиси вилоят гуфт, ки дар ояндаи наздик бо супориши бевоситаи Президенти кишвар толори боҳашамати варзишӣ бо сарфи 17 миллион сомонӣ дар маркази вилоят бунёд мегардад. Ҳамчунин соли равон дар маҳалаи Теми шаҳр ва ноҳияи Шуғнон бунёди се толори муосир оғоз мегардад.
Раиси вилоят гуфт, ки ҳангоми сафар ба сабқатҳои варзишии ҷумҳуриявӣ варзишгарон барои пайдо кардани нақлиёт бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Инро ба назар гирифта, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба варзишгарон мошини мусофирбарро бо 14 ҷои нишаст тақдим намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






