Таҳкими фаъолияти БДА дар Бадахшон
Хоруғ, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар моҳи аввали соли 2014-ум кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ барои таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ ва вайронкунии қоидаҳо дар роҳ корҳои зиёдро анҷом доданд.
Дар ин муддат дар роҳҳои мошингарди Бадахшон 1113 мавриди вайронкунии қоидаҳои ҳаракати нақлиёт ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ Муҳиддин Юсупов ҳодисаҳои бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин, дар ҳолати мастӣ идора кардани нақлиёт, баланд бардоштани суръати ҳаракат ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасанд.
Ҳамчунин дар ин муддат 5 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа як нафар ҳалок ва 12 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






