Таҳсил дар Лаҳистон барои ҷавонони Тоҷикистон

Февраль 21, 2014 13:35

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). — Муаррифии  «Таҳсил дар Лаҳистон» чанде қабл дар маркази таълимии «Мultikid» дар шаҳри Душанбе доир гардид.
 
  Намояндагони Донишгоҳи иқтисоди минтақаи Аврупо дар Юзефово (Лаҳистон) қайд намуданд, ки нархи таҳсил дар Лаҳистон бо пардохти ҳаққи таҳсил дар мактабҳои олии ИДМ мувофиқ аст. Пардохт барои  таҳсил фарогири  таҳсил ва маводҳои хониш дар донишгоҳ, як нимсолаи таҳсил дар дигар донишгоҳҳои Аврупо  ва курсҳои забони лаҳистонӣ аст. 
 
  Ғайр аз ин, дипломҳои макотиби олии Лаҳистон дар ҳамаи кишварҳои Аврупо бе тасдиқи иловагӣ пазируфта шуда , таҳсил дар Лаҳистон ба қоидаи таснифи байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ аст.

Февраль 21, 2014 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш