Таҳсили омӯзгорони макотиби олии Хатлон дар Русия

Февраль 6, 2014 16:32

      Қӯғонтеппа, 06.02.2014.(АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар Қуғонтеппа таҳсилро дар макотиби олии Федератсия Русия давом медиҳанд.
 
   Тавре ректори донишгоҳ Хайриддин Назаров ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ассистенти кафедраи «Таъмини энергия ва автоматизатсия» Нурмаҳмад Шарипов барои таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии техникии ба номи И.И. Ползуноваи шаҳри Барнаули Федератсия Русия фиристонида шуд.
 
   Мусоҳиб ҳамчунин қайд намуд, ки  соли ҷорӣ чанд нафар омӯзгори ҷавони дигар барои таҳсил ба макотиби олии дигар кишварҳо фиристонида мешаванд.
 

Февраль 6, 2014 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш