Таҳсилоти касбию техникӣ дастгирӣ мешавад
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тарҳрезии лоиҳаи афзун намудани самара ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбию техникӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин боиси афзудани шумораи кормандони баландихтисосе мегардад, ки имконияти ба даст овардани кори сердаромадро доранд.
Тавре ки аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар ҶТ хабар доданд, кӯмаки ройгонии Бунёди оид ба коҳиш додани камбизоатии Ҷопон ба маблағи 700 ҳазор доллари ИМА имкон медиҳад, ки Лоиҳаи оид ба иштироки бештари бахши инфиродӣ дар таҳсилоту таълими касбию техникӣ ба таври судманд дар амал татбиқ карда шавад.
Лоиҳаи мазкур усул ва сохтору сифати таълим дар низоми таҳсилоти касбию техникиро беҳтар месозад. Дар ҳошияи лоиҳа ҳамчунин Бунёди таълими касбӣ барои беҳбуди дастрасӣ ба таҳсилоти табақаҳои камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла занон таъсис меёбад. Кормандони Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе ва Маркази рушду камолоти инсон дар Ҷумҳурии Қирғизистон барои таҳияи лоиҳаи мазкур дасти ёрӣ дароз карданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






